Омад баҳори ҷонҳо, ай шохи тар, ба рақс о,Чун Юсуф андаромад,
Мисру шакар ба рақс о!
Ай шоҳи ишқпарвар, монанди шири модар,
Ай шири ҷӯш дар рӯ, ҷони падар, ба рақс о!
Чавгони зулф дидӣ, чун гӯй даррасидӣ,
Аз пову сар буридӣ, бепову сар ба рақс о!
Аз ишқи точдорон дар чархо чу борон,Он чо қабо чӣ бошад?!
Ай хушкамар, ба рақс о!
Дар даст чоми бода, омад бутам пиёда,
Гар нестӣ ту мода, з-он шоҳи нар ба рақс о!
Поёни чанг омад, овози чанг омад,
Юсуф зи чоҳ омад, ай беҳунар, ба рақс о!
То чанд ваъда бошад в-ин сар ба сачда бошад,
Ҳичрам бибурда бошад?! Рангу асар, ба рақс о!
Кай бошад он замоне, гӯяд маро фалонӣ,
К-ай бехабар фано шав, ай бехабар, ба рақс о!